Ташрифи Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон

Раиси Шӯрои Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко нимаи дуюми имрӯз бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, нахуст Валентина Матвиенко бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору гуфтушунид анҷом медиҳад. Ҳамин рӯз дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ҷаласаи […]

ASIA-Plus



Раиси Шӯрои Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко нимаи дуюми имрӯз бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, нахуст Валентина Матвиенко бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.

Ҳамин рӯз дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ҷаласаи комиссияи ҳамкории палатаҳои болоии парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад.

Пагоҳ, 13-уми март Валентина Матвиенкаро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Худи ҳамин рӯз мулоқоти ӯ бо раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардида, раиси Шӯрои Федералии Федератсияи Русия ҳамчунин аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ боздид мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.