Ойниҳол Бобоназарова аз сафар ба як қатор шаҳрҳои ИМА даст кашид



Ойниҳол Бобоназарова, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА бо ҷоизаи International Women of Courage мушарраф гардид, бо сабабҳои оилавӣ маҷбур шуд, ки аз сафар ба як қатор шаҳрҳои ИМА дар доираи барномаи меҳмонони хориҷӣ то 17-уми март даст кашида, ба ватан баргардад.

Ба гуфтаи Бобоназарова, пас аз маросими ҷоизасупорӣ ӯ дар як қатор вохӯриҳо бо сиёсатмадорони амрикоӣ ва арбобони ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳамсари президенти ИМА Мишел Обама ширкат варзида, ҳамчунин ба вохӯрӣ бо намояндагони ВАО низ даъват шудааст.

«Сарфи назар аз ахиран афзудани фишор болои матбуоти мо, дар вохӯриҳо ман зикр кардам, ки дар Тоҷикистон матбуот ягона ниҳоди иҷтимоиест, ки ба қадре фаъолият дорад, – мегӯяд Бобоназарова. – Журналистони амрикоӣ дарҳол аз ман вазъи корҳои Олга Тутубалина пас аз ҳалномаи судиро пурсон шуданд. Умуман ман  ба ҳайрат омадам, ки матбуоти ғарб то чӣ андоза аз масоили марбут ба Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон огаҳии хуб дорад».

Рӯзи 4-уми март ҳамсари президенти ИМА Мишел Обама ба ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик, директори ТҶ «Перспектива+» Ойниҳол Бобоназарова

ҷоизаи International Women of Courage-ро супурд

, ки ҳамасола аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҷасорат ба 10 нафар занон аз саросари ҷаҳон тақдим карда мешавад.

Ҷоизаи Байналхалқии Вазорати корҳои хориҷӣ

“Шуҷоати зан”

ҳамасола занонеро эътироф менамояд, ки дар ҷодаи ташвиқи сулҳ, адолат, ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон шуҷоати беандоза ва роҳбариятро бо вуҷуди зери хатар қарор гирифтанашон, нишон медиҳанд.  Аз оғози пайдоиши ҷоизаи мазкур дар соли 2007, Вазорати корҳои хориҷӣ  беш аз 76 занро дар 49 давлати дунё қадрдонӣ намудааст.

spot_imgspot_img

Популярное