Дар Исфара барои ба истифода додани комбинати гидрометаллургӣ омодагӣ мегиранд



Муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара бо сафари корӣ дар ин шаҳр қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ҳадафи аслии сафари муовини нахуствазир санҷиши ҷараёни корҳо барои ба истифода додани комбинати гидрометаллургии шаҳри Исфара аст, ки муддати беш аз 15 сол аз фаъолият бозмондааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона аввали моҳи апрел дар назар аст. Ғайр аз ин, Азим Иброҳим бо фаъолияти корхонаи кимиёи шаҳри Исфара ва комбинати консервбарории маҳаллӣ низ аз наздик ошно хоҳад гардид, ки ахиран бо иқтидори пурра фаъолият надоранд.

«Масалан, ахири солҳои 80-ум комбинати консервбарории Исфара солона ҳудуди 45 млн. банкаҳои шартии консерва истеҳсол мекард, имрӯз бошад, ин нишондиҳанда ҳамагӣ ба 8-9 млн. банка баробар аст», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, муовини нахуствазир ният дорад, ки бо мушкилоти коҳиши истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Исфара аз наздик ошно гардида, роҳу воситаҳои раҳоӣ аз онро масъалагузорӣ ва дарёфт намояд. «Азим Иброҳим ҳамчунин бо фаъолияти бахши хусусии саноати шаҳри Исфара, ки сол то сол дар ҳоли рушд аст, низ шинос хоҳад шуд», – афзуд сарчашмаи хабар.

spot_imgspot_img

Популярное