Дар Исфара барои ба истифода додани комбинати гидрометаллургӣ омодагӣ мегиранд

Муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара бо сафари корӣ дар ин шаҳр қарор дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ҳадафи аслии сафари муовини нахуствазир санҷиши ҷараёни корҳо барои ба истифода додани комбинати гидрометаллургии шаҳри Исфара аст, ки муддати беш аз 15 […]

ASIA-Plus



Муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара бо сафари корӣ дар ин шаҳр қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ҳадафи аслии сафари муовини нахуствазир санҷиши ҷараёни корҳо барои ба истифода додани комбинати гидрометаллургии шаҳри Исфара аст, ки муддати беш аз 15 сол аз фаъолият бозмондааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона аввали моҳи апрел дар назар аст. Ғайр аз ин, Азим Иброҳим бо фаъолияти корхонаи кимиёи шаҳри Исфара ва комбинати консервбарории маҳаллӣ низ аз наздик ошно хоҳад гардид, ки ахиран бо иқтидори пурра фаъолият надоранд.

«Масалан, ахири солҳои 80-ум комбинати консервбарории Исфара солона ҳудуди 45 млн. банкаҳои шартии консерва истеҳсол мекард, имрӯз бошад, ин нишондиҳанда ҳамагӣ ба 8-9 млн. банка баробар аст», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, муовини нахуствазир ният дорад, ки бо мушкилоти коҳиши истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Исфара аз наздик ошно гардида, роҳу воситаҳои раҳоӣ аз онро масъалагузорӣ ва дарёфт намояд. «Азим Иброҳим ҳамчунин бо фаъолияти бахши хусусии саноати шаҳри Исфара, ки сол то сол дар ҳоли рушд аст, низ шинос хоҳад шуд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.