Вохӯрии С.Аслов бо ёвари котиби давлатии ИМА дар Вашингтон



Рӯзи 12-уми марти соли равон дар Департаменти давлатии ШМА Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Котиби давлатии ШМА Ниша Бисуал мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари татбиқкунандаи сиёсати «дарҳои кушода» бо кишварҳои дунё муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои рӯзномаи Машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ, ки баргузории он дар моҳи апрели соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин зарурати таҳкими муносибатҳои дуҷониба ҷиҳати рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва коммуникатсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва амнияти сарҳадӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо инчунин оид ба иқдомҳои муштарак ҷиҳати мусоидат ба раванди сулҳ дар Афғонистон ва барқарорсозиву эҳёи иқтисодии он мубодилаи афкор намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное