Таассуфи Гулназар аз ҳақиқати Роғунро надонистани шоир ва овозхони ӯзбек

Ман мутаассифам, ки офарандагони суруди «Дарёлар» – Шоири халқии Ӯзбекистон Иқбол Мирзо ва Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, ки аз кишварҳои болооб набастани маҷрои дарё ва бунёд накардани сарбандро даъват мекунанд, аз ҳақиқат дар бораи Роғун огаҳ нестанд. «Онҳо асирони машинаи таблиғотии Тошканд шудаанд, ки қотеъона мухолифи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аст», – иброз дошт ба […]

ASIA-Plus



Ман мутаассифам, ки офарандагони

суруди «Дарёлар»

– Шоири халқии Ӯзбекистон Иқбол Мирзо ва Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, ки аз кишварҳои болооб набастани маҷрои дарё ва бунёд накардани сарбандро даъват мекунанд, аз ҳақиқат дар бораи Роғун огаҳ нестанд.

«Онҳо асирони машинаи таблиғотии Тошканд шудаанд, ки қотеъона мухолифи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аст», – иброз дошт ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, муаллифи матни гимни Тоҷикистон Гулназар Келдӣ.

Ба андешаи шоир, «агар шоиру овозхон медонистанд, ки бидуни интиқоли газу барқ аз кишварҳои дигар, ки Тошканди расмӣ ба он монеъа эҷод месозад, тоҷикон ҳудуди ним сол бебарқу гармӣ мемонанду кӯдакону занон ва пиронсолон азобу азият мекашанд, онҳо чунин тарона намеофариданд».

Шоир таъкид дошт,  дучандон аз он таассуф мехӯрад, ки Шералӣ Ҷӯраев, ки дар Тоҷикистон ҳаводорони хеле зиёд дорад, дар ин ҳолат наандешид, ки ҳунар аз сиёсат дар канор аст.

«Дар ин ҳолат ҳам шоиру ҳам овозхон ҳақиқати оддиеро фаромӯш сохтааанд, ки сухан на баҳри тафриқаандозӣ, балки бояд барои офариниши бузургии инсон, муҳаббат ва бародарӣ хизмат кунад», – таъкид дошт шоири тоҷик.

Дар ҳамин ҳол, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ Ҷӯрабек Муродов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол таронаи «Дарёлар»-ро нашунидааст ва аз ин рӯ, ба он шарҳе дода наметавонад.

«Ман дақиқан медонам, ки Шералӣ Ҷӯраев ба мардуми тоҷик, таърих, адабиёт, фарҳанг ва ҳунари он эҳтироми хосса дорад», – таъкид дошт Муродов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.