Маҳбус Умед Тешаев пас аз қатли сардори зиндони Кӯлоб аз дидори наздиконаш маҳрум шуд

Маҳбуси ба 17 соли зиндон маҳкумшуда Умед Тешаев, ки шоми 16-уми феврали соли ҷорӣ бо қайчӣ сардори тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и Кӯлоб полковник Умар Қаюмовро ба қатл расонд , пас аз ҳодисаи куштор аз дидори наздиконаш маҳрум гашт. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» вакили дифоъи маҳбус Раҳмоналӣ Раҷабов иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, наздикони Тешаев […]

Мавзуна Абдуллоева


Маҳбуси ба 17 соли зиндон маҳкумшуда Умед Тешаев, ки шоми 16-уми феврали соли ҷорӣ бо қайчӣ сардори тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и Кӯлоб полковник Умар Қаюмовро

ба қатл расонд

, пас аз ҳодисаи куштор аз дидори наздиконаш маҳрум гашт. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» вакили дифоъи маҳбус Раҳмоналӣ Раҷабов иттилоъ дод.


Ба гуфтаи ӯ, наздикони Тешаев пас аз ҳодисаи рӯхдода танҳо як маротиба иҷозаи дидор доштанду халос. Дигарбора бо сабаҳои номаълум кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ онҳоро ба назди Умед Тешаев роҳ надодаанд. Дар робита ба ин 12-уми март вакили дифоъ аз номи наздикони Умед Тешаев ба додситонии минтақавии Кӯлоб аризаи шикоятӣ пешниҳод кард ва талаб намуд, ки монеае дар дидорбинии зерҳимояташ бо наздиконаш эҷод нагардад.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҳодисаи фавти сардори тавқифгоҳ экспертиза гузаронида шуд, ки мувофиқи он, ҳолати равонии Умед Тешаев носолим арзёбӣ шудааст.

Мутобиқи иттилои Вазорати корхои дохилли Точикистон, Умед Тешаев қаблан бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон барои содир намудани ҷинояти куштор ба муҳлати 17 сол зиндонӣ шуд. Маҳкумшуда санаи 31-уми августи соли гузашта дар сартарошхонаи шахсиаш мизоҷ Абдурасул Алиеви 50-соларо 54 бор корд зада, ӯро ба қатл расонд.

Сардори тавқифгоҳи муваққатии Кӯлоб Умар Қаюмов, ки беш аз 12 сол дар ин мақом буд, бояд соли 2015 ба нафақа мебаромад. Ӯ соли 1948 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.