Вохӯрии С.Аслов бо ёвари котиби давлатии ИМА дар Вашингтон

Рӯзи 12-уми марти соли равон дар Департаменти давлатии ШМА Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Котиби давлатии ШМА Ниша Бисуал мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари татбиқкунандаи сиёсати «дарҳои кушода» бо кишварҳои дунё муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба […]

ASIA-Plus



Рӯзи 12-уми марти соли равон дар Департаменти давлатии ШМА Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Котиби давлатии ШМА Ниша Бисуал мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари татбиқкунандаи сиёсати «дарҳои кушода» бо кишварҳои дунё муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои рӯзномаи Машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ, ки баргузории он дар моҳи апрели соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин зарурати таҳкими муносибатҳои дуҷониба ҷиҳати рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва коммуникатсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва амнияти сарҳадӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо инчунин оид ба иқдомҳои муштарак ҷиҳати мусоидат ба раванди сулҳ дар Афғонистон ва барқарорсозиву эҳёи иқтисодии он мубодилаи афкор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.