Саҳҳоми «Тоҷиказот» Фирташ бо гарави 125 млн. евро озод мешавад



Суди Австрия қарор кард, ки соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ бо гарави 125 млн. евро маблағ озод карда шавад. Дмитрий Фирташ ба бастаи саҳмияҳои назоратии ҶСП КМ «Тоҷиказот» низ соҳиб аст.

Бино ба иттилои ВАО, суд ҳамчунин қарор кардааст, ки дар бораи истирдоди соҳибкори дар Вена дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ба ӯ дар ҳаҷми 125 млн. евро гарав таъин карда шавад. Дар давоми мурофиа тарк кардани қаламрави Австрия ба Фирташ манъ карда шуд.

Гуфта мешавад, Дмитрий Фирташ аз болои ин қарори суд шикоят оварда, онро Суди олии Вена баррасӣ мекунад, вале санаи баррасии он ҳанӯз маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки миллиардери маъруфи украинӣ Дмитрий (Дмитро) Фирташ рӯзи 13-уми мрат дар Австрия

дастгир шуд

. Ӯ аз тарафи Амрико бо иттиҳоми ришвадиҳӣ ва қасди ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор дошт.

Фирташ, ки сарваташро дар соҳоти мухталифе, чун саноати кимиё, газ, матбуот ва бонкдорӣ ҷамъ овардааст, бо 3,3 миллиард доллар чорумин нафари сарватмандтарини Украина ва як фарди наздик ба Русия маҳсуб мешуд.

Қобили зикр аст, ки ӯ як муддат талош карда буд, то  дар Тоҷикистон низ ҷои по биёбад. Дмитрий Фирташ аз ҷумла корхонаи нуриҳои азотии Вахш – “Тоҷиказот”- дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ва корхонаи дӯзандагии “Гулистон” дар Душанберо хусусӣ гардонда буд. Ӯ бо Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки соли гузшта боздошт ва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, равобити наздик дошт ва аз ҷумла корхонаи “Гулистон”-ро ба Саидов дод. Аммо ба сурати умум кори Дмитрий Фирташ дар Тоҷикистон чандон омад накард. “Тоҷиказот” ба далели қатъ шудани воридоти гази Ӯзбакистон аз кор монд.

spot_imgspot_img

Популярное