Омодагии «Ампаро» ба пешниҳоди адвокат ба сарбози ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев



Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи «Ампаро» ба пешниҳоди адвокат барои сарбози ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев омодагӣ изҳор намуд.

Роҳбари «Ампаро» Дилрабо Самадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки тариқи васоити ахбори умум аз ин ҳодиса огаҳ гардида, бо волидайни сарбоз вохӯрданд ва ба онҳо кӯмак пешниҳод кардаанд.

Падари сарбоз Нуъмон Мирзоев низ гуфтаҳои роҳбари «Ампаро»-ро тасдиқ кард. «Алҳол посух ба номаамон ба президенти кишварро мунтазирем, вале агар масъалаи пардохти маблағи табобат ҳал нашавад, ба суд даъво мекунем», – иброз дошт ӯ.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки тибқи баъзе маълумот, прапоршик Усмон Ғайратов, ки Шаҳбол Мирзоевро мавриди лату кӯб қарор додааст, писари корманди Прокуратураи генералии ҶТ Маҳмадшариф Ғайратов аст. Аммо дар Прокуратураи генералӣ ин далелро тасдиқ накарданд. Сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои ниҳоят вазнин Ҷамшед Сангов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд: «Дар Прокуратураи генералӣ шахсе бо чунин ному насаб кор намекунад ва мо намедонем, ки падари Усмон Ғайратов кист».

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо

лату кӯб карда,

гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо)

парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

spot_imgspot_img

Популярное