Парвандаи сарбози латукӯбшударо Омбудсмен зери назорат гирифт

Тибқи супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ муовини сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ Нидоев Ҳ. бо Мирзоев Шаҳбол – сарбози қисми ҳарбии 2620-и Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Шуъбаи ҷарроҳии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон воқеъ дар Қарияи болои шаҳри Душанбе табобат гирифта […]

ASIA-Plus



Тибқи супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ муовини сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ Нидоев Ҳ. бо Мирзоев Шаҳбол – сарбози қисми ҳарбии 2620-и Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Шуъбаи ҷарроҳии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон воқеъ дар Қарияи болои шаҳри Душанбе табобат гирифта истодааст, вохӯрӣ гузаронид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВАколатдор оид ба ҳуқуқи иносни ҶТ, дар ин робита, аз тарафи Прокуратураи ҳарбии Горнизони Душанбе алайҳи сарбоз Усмон Ғайратов, ки ба ҳайси фелдшер дар бунгоҳи тиббии қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ кор мекунад, бо қисми 2 моддаи 373  парванда оѓоз карда шудааст.

Гуфта мешавад, раванди баррасии қазияи мазкур таҳти назорати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қарор дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо

лату кӯб карда,

гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо)

парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Ҳамчунин чанде қабл гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи «Ампаро» ба пешниҳоди адвокат барои сарбози ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев

омодагӣ изҳор намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.