Дар ҷашни Наврӯз тоҷикистониён 6 рӯз истироҳат мекунанд

Дар пойтахти Тоҷикистон иди Наврӯз муддати 5 рӯз пуршукӯҳ таҷлил мегардад. Истиқболу таҷлили бошукуҳи Иди Наврӯзи байналмилалӣ  дар шаҳри Душанбе 21 марти соли 2014 аз мушакпарронии идона дар Боғи «Ғалаба» ва ҳаракати корвонҳои шодӣ аз боғи мазкур (ноҳияи Шоҳмансур), пояи муҷассамаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), пояи муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) ва пояи муҷассамаи […]

ASIA-Plus



Дар пойтахти Тоҷикистон иди Наврӯз муддати 5 рӯз пуршукӯҳ таҷлил мегардад.

Истиқболу таҷлили бошукуҳи Иди Наврӯзи байналмилалӣ  дар шаҳри Душанбе 21 марти соли 2014 аз мушакпарронии идона дар Боғи «Ғалаба» ва ҳаракати корвонҳои шодӣ аз боғи мазкур (ноҳияи Шоҳмансур), пояи муҷассамаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), пояи муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) ва пояи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино (ноҳияи Сино) бо баҳамомадан дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва воридшавӣ ба Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» оғоз мегардад.

Дар «Наврӯзгоҳ» барои сокинону меҳмонони пойтахт намоиши театрикунонида пешкаш крада мешавад, ки режиссер-таҳиягари он Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов мебошад.

Ду рӯзи минбаъда дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар сатҳи маҳаллаву ноҳияҳои пойтахт чорабиниҳои идона ва сайругашти оммавӣ баргузор карда мешаванд. Рӯзҳои 24-25-уми март дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт мусобиқот оид ба гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ доир карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки имсол таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон 6 рӯз – аз 21 то 26-уми март идома ёфта, ҳамаи ин рӯзҳои истироҳат мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.