Боздошти корманди ҳукумати шаҳри Чкаловск зимни порагирӣ

Корманди шуъба оид ба масоили маъмурӣ-ҳуқуқии шаҳри Чкаловск ҳангоми гирифтани пора боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, корманди шуъба Х.М. аз сокини ҳамин шаҳр К.А. барои таҳияи ҳуҷҷатҳои манзили зисти бародари марҳумаш 1 ҳазору 900 доллари ИМА маблағи пулӣ […]



Корманди шуъба оид ба масоили маъмурӣ-ҳуқуқии шаҳри Чкаловск ҳангоми гирифтани пора боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, корманди шуъба Х.М. аз сокини ҳамин шаҳр К.А. барои таҳияи ҳуҷҷатҳои манзили зисти бародари марҳумаш 1 ҳазору 900 доллари ИМА маблағи пулӣ талаб кардааст. «Ҳангоми гирифтани маблағи мазкур ӯ аз ҷониби кормандони раёсат бо далели шайъӣ дастгир карда шуд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, нисбати ин корманд мутобиқи моддаи 319, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 33 далели порагирӣ аз ҷониби шахсони мансабдор ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.