Омодагии «Ампаро» ба пешниҳоди адвокат ба сарбози ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев

Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи «Ампаро» ба пешниҳоди адвокат барои сарбози ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев омодагӣ изҳор намуд. Роҳбари «Ампаро» Дилрабо Самадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки тариқи васоити ахбори умум аз ин ҳодиса огаҳ гардида, бо волидайни сарбоз вохӯрданд ва ба онҳо кӯмак пешниҳод кардаанд. Падари сарбоз Нуъмон Мирзоев низ гуфтаҳои роҳбари «Ампаро»-ро […]

ASIA-Plus



Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи «Ампаро» ба пешниҳоди адвокат барои сарбози ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев омодагӣ изҳор намуд.

Роҳбари «Ампаро» Дилрабо Самадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки тариқи васоити ахбори умум аз ин ҳодиса огаҳ гардида, бо волидайни сарбоз вохӯрданд ва ба онҳо кӯмак пешниҳод кардаанд.

Падари сарбоз Нуъмон Мирзоев низ гуфтаҳои роҳбари «Ампаро»-ро тасдиқ кард. «Алҳол посух ба номаамон ба президенти кишварро мунтазирем, вале агар масъалаи пардохти маблағи табобат ҳал нашавад, ба суд даъво мекунем», – иброз дошт ӯ.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки тибқи баъзе маълумот, прапоршик Усмон Ғайратов, ки Шаҳбол Мирзоевро мавриди лату кӯб қарор додааст, писари корманди Прокуратураи генералии ҶТ Маҳмадшариф Ғайратов аст. Аммо дар Прокуратураи генералӣ ин далелро тасдиқ накарданд. Сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои ниҳоят вазнин Ҷамшед Сангов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд: «Дар Прокуратураи генералӣ шахсе бо чунин ному насаб кор намекунад ва мо намедонем, ки падари Усмон Ғайратов кист».

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо

лату кӯб карда,

гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо)

парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.