Президент боғи Наврӯзгоҳи пойтахтро ифтитоҳ кард



Шоми рӯзи чоршанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 46 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусну намои тоза зам кардааст.

Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии ин боғи биҳиштосо ба шумор меравад.

Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст, ки бо пахши тугма аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуданд. Тавре аён гардид ин шаршараи бошукӯҳ, ки баландиаш 20 метр аст ва ҳам фаввораҳои сершумори Наврӯзгоҳ шабонгоҳон бо рангҳои гуногун ҷило медиҳанд.

Дар боғи Наврӯзгоҳ имрӯз, ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои атраксионҳои гуногун аст.

Дар гӯшаҳои гуногуни боғи Наврӯзгоҳ, ҳамчунин як тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи яхмос бо 40 ҷойи нишаст, ошхона бо 20 ҷой ва чойхона бо 60 ҷойи нишаст бунёд ёфтаанд.

spot_imgspot_img

Популярное