Вохӯрии анъанавии президент бо зиёиёни тоҷик



Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори навбатӣ бо зиёиёни кишвар мулоқот мекунад. Вохӯрӣ маъмулан дар остонаи ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.

Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, вохӯриҳои қаблан доиргардида, нишон доданд ва собит намуданд, ки ин «вохӯриҳо бо як қаҳрамони асосӣ» барои он созмон дода мешаванд, ки аксари зиёиён дар васфи сарвари давлат мадҳия сароянду ӯро ситоиш кунанд. «Мутаасифона, тӯли чандин сол ман боре ҳам нашунидаам, ки дар ин вохӯриҳо зиёиён аз мушкилот ҳарф зананд», – иброз дошт ӯ.

О.Бобоназарова хотиррасон намуд, ки 20-уми март зодрӯзи соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов аст ва айни замон бояд нисбати ӯ масъалагузорӣ шавад. «Чун президент кафили риояи қонунҳову ҳимояти мардум аст, ӯ бояд мустақилияти низоми судиро таъин созад, то ки касе ба қарори суд таъсир гузошта натавонад. Ман талаб намекунам, ки Зайд Саидовро озод кунад, ҳарчанд тибқи қонун ба ба афв ҳуқуқ дорад, аммо ҳадди ақал мустақилияти низоми судиро бояд таъмин кунад», – изҳор кард ҳуқуқшинос.

Журналист Абдуқаюми Қаюмзод бар ин назар аст, ки ин вохӯрӣ ҳеҷ арзише надорад ва «агар имрӯз зиёие бошад, ки худашро эҳтиром кунад, ӯ бояд умуман аз рафтан ба чорабинии мазкур даст кашад». «Моҳиятан ҳадафи вохӯрии мазкур ҳалли мушкилоти мавҷуда тавассути ҷалби имконоти зиёиён аст, вале ҳамсаола ман инро намебинам. Чунин эҳсос мешавад, ки ҳадафи аслӣ – тариқи шабакаҳои давлатии телевизион нишон додани аз ҷониби «зиёиён» мадҳу ситоиш кардани президенти кишвар аст», – гуфт ӯ.

Санъатшинос Амал Хонум Гаджиева низ мутмаин аст, ки имрӯз ҳам зимни вохӯрӣ бо сарвари давлат зиёиён танҳо аз мушкилоти шахсӣ – муҳим будани таъмири манзилашон, нашри китоби навбатӣ, харидории бӯстонсаро ва ғайр ҳарф хоҳанд гуфт.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар робита ба ин масъала зикр кард, ки дар ин вохӯриҳо як гурӯҳи шахсон зери номи «зиёиён» ҷамъ меоянд. «Таассуфовар аст, ки натанҳо дар сиёсат ё ҳокимият ду қисмати нобаробар – ҳукумат ва мухолифин ба вуҷуд омадаанд, балки миёни зиёиёни тоҷик низ ҳамин ду қисмат – зиёиёни ҳукумат ё назди ҳукумат ва зиёини бидуни ҳукумати арзи ҳастӣ доранд ва тафовут танҳо дар он аст, ки зиёиёни аввал ба ҷуз ситоиши ҳукумат дигар ҳеҷ ҳуқуқе надоранд ва зиёиёни қисмати дуюмро ба ҳеҷ вохӯрие даъват накарда, ҳамчун зиёӣ эътироф намекунанд», – иброз дошт сиёсатмадор.

spot_imgspot_img

Популярное