Омодагии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дастгирии кишварҳои минтақа дар мубориза алайҳи мухаддирот

Санаи 18-уми марти соли 2014 дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена таҳти раисии Ю. Федотов – муовини Котиби генералии СММ вохӯрии Кумитаи роҳбарикунанда нисбати таҳияи барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ  барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя (Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва […]



Санаи 18-уми марти соли 2014 дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена таҳти раисии Ю. Федотов – муовини Котиби генералии СММ вохӯрии Кумитаи роҳбарикунанда нисбати таҳияи барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ 


барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя (Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) барои солҳои 2011-2015 баргузор гардид. Дар вохӯрӣ инчунин сафирон ва намояндагони кишварҳои маблағгузори барнома ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, натиҷаҳои таҳияи барнома муҳокима шуда, нақшаи таҳияи минбаъдаи барнома барои солҳои 2014-2015 тасдиқ гардид. Дар баромади худ Р. Назаров ба ҳозирин оиди чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати таҳияи барнома итттилоот дода, самарабахшӣ ва таъсирнокии онро қайд намуд. Баъдан Директори Агентӣ диққати ҳозиринро ба зарурияти мустаҳкам намудани амнияти сарҳадӣ, баланд бардоштани таҷҳизоти техникии сохторҳои зиддимухаддиротии кишвар, инчунин ба зарурияти гузаронидани амалиётҳои муштараки байналмиллалӣ, аз ҷумла аз рӯи усули “интиқоли назоратшаванда”, оиди масъалаҳои омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандони сохторҳои мазкур ҷалб намуд.

Роҳбарияти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, намояндагони кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ – маблағгузорони лоиҳаи мазкур ба рафти таҳияи Барномаи минтақавӣ баҳои баланд доданд ва омодагии худро оиди давом додани маблагғузории Барнома баён намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.