Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз мояи ифтихори тоҷикон аст



Санаи 21-уми март дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раисони палатҳои болоӣ ва поёнии парлумон ва нахуствазири кишвар, ҳамчунин аъзои ҳукумат ва аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ тантанаҳои марказии ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ президенти мамлакат зикр кард, ки мояи ифтихори мо – тоҷикон аст, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ 21-уми марти ҳар сол фарорасии соли нави аҷдодиамон – Наврӯз якҷо бо айёми эҳёи табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

«Ба муносибати ин рӯзи саид, ки чанд сол инҷониб мақоми байналмилалӣ гирифтааст, тамоми мардуми саодатманди Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, мардумони кишварҳоеро, ки ин ҷашнро гиромӣ медоранд, сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгор орзу менамоям», – иброз дошт Э.Раҳмон.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки «Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд».

«Тавре аз сиришту таърихи ин ҷашн бармеояд, Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ ҳамчун ойини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хоси табиат побарҷо мондааст. Дар давраҳои баъдина низ суннатҳои наврӯзӣ ривоҷу густариш пайдо карда, бо сиришти поки худ то замони мо боқӣ мондааст», – изҳор кард президент.

spot_imgspot_img

Популярное