Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз мояи ифтихори тоҷикон аст

Санаи 21-уми март дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раисони палатҳои болоӣ ва поёнии парлумон ва нахуствазири кишвар, ҳамчунин аъзои ҳукумат ва аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ тантанаҳои марказии ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ президенти мамлакат зикр кард, ки мояи ифтихори мо – тоҷикон аст, […]

ASIA-Plus



Санаи 21-уми март дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раисони палатҳои болоӣ ва поёнии парлумон ва нахуствазири кишвар, ҳамчунин аъзои ҳукумат ва аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ тантанаҳои марказии ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ президенти мамлакат зикр кард, ки мояи ифтихори мо – тоҷикон аст, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ 21-уми марти ҳар сол фарорасии соли нави аҷдодиамон – Наврӯз якҷо бо айёми эҳёи табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

«Ба муносибати ин рӯзи саид, ки чанд сол инҷониб мақоми байналмилалӣ гирифтааст, тамоми мардуми саодатманди Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, мардумони кишварҳоеро, ки ин ҷашнро гиромӣ медоранд, сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгор орзу менамоям», – иброз дошт Э.Раҳмон.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки «Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд».

«Тавре аз сиришту таърихи ин ҷашн бармеояд, Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ ҳамчун ойини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хоси табиат побарҷо мондааст. Дар давраҳои баъдина низ суннатҳои наврӯзӣ ривоҷу густариш пайдо карда, бо сиришти поки худ то замони мо боқӣ мондааст», – изҳор кард президент.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.