Президенти ФИФА ба Тоҷикистон ташриф меорад

Президенти Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) Йозеф Блаттер нимаи дуюми рӯзи 25-уми март ба Душанбе меояд. Бино ба иттилои котиби матбуотии ФФТ Фаридун Солиев, пас аз ба пойтахти Тоҷикистон расидан Блаттерро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Рӯзи сешанбе (25 март) президенти ФИФА дар вохӯрӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон миёни чемпиони соли 2013-и футболи Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Президенти Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) Йозеф Блаттер нимаи дуюми рӯзи 25-уми март ба Душанбе меояд.

Бино ба иттилои котиби матбуотии ФФТ Фаридун Солиев, пас аз ба пойтахти Тоҷикистон расидан Блаттерро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Рӯзи сешанбе (25 март) президенти ФИФА дар вохӯрӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон миёни чемпиони соли 2013-и футболи Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб ва дорандаи Ҷоми футболи мавсими 2013 «Истиқлол»-и Душанбе ширкат хоҳад варзид.

Ин вохӯрӣ соати 17-00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, ки таъмиру азнавсозии майдони наваш ба итмом расид. Дар анҷоми вохӯрӣ Йозеф Блатттер дар вазъи тантанавӣ Суперҷоми Тоҷикистонро ба дастаи ғолиб хоҳад супурд.

Рӯзи дигар, 26-уми март президенти ФИФА дар ҷашнвораи кӯдкона ширкат варзида, ба Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон ҳусни оғоз хоҳад бахшид. Ин чорабинӣ соати 10-00 оғоз гардида, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Дар анҷоми ҷашнвора президенти ФИФА дар вазъи тантанавӣ майдони сунъӣ дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ хоҳад кард, ки тибқи барномаи «Гол-2»-и ФИФА сохта шуда, моҳи майи соли гузашта ба истифода дода шуда буд. Сипас роҳбари футболи ҷаҳонӣ ба сохтмони боз як майдони сунъии футбол дар Душанбе бо маблағгузории ФИФА дар паҳлӯи майдони бозии теннис низ ҳусни оғоз мебахшад.

Рӯзи чоршанбе соати 11-00 Йозеф Блаттер дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» аз рӯи натиҷаҳои сафари худ ба Душанбе нишасти матбуотӣ барпо мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.