Кумаки молии Олмон ба Тоҷикистон барои беҳбуди солимии модарону кӯдакон

Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон қаблан мувофиқашуда, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кӯмаки молиявӣ (грант) ба барномаи соҳаи тандурустӣ доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, Шартномаи мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus



Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон қаблан мувофиқашуда, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кӯмаки молиявӣ (грант) ба барномаи соҳаи тандурустӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, Шартномаи мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Тоҷикистон, хонум Кристин Лаабс имзо намуданд.

Тибқи ин шартнома Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои татбиқи давраи 4-уми лоиҳаи «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ» 14,0 млн. евро ҷудо намуд. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи барномаи мазкур қаблан 27,5 млн. евро ҷудо гардида буд, ки он ҷиҳати такмили соҳаи тандурустӣ ва таҷдиди таваллудхонаҳо барои расондани ёрии таъҷилӣ дар беморхонаҳои марказии вилоят ва ноҳияҳои вилояти Хатлон равона шудааст.

Дар натиҷаи татбиқи ин барнома дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ беҳтар мегардад, ки он боиси коҳишёбии таваллуд дар манзили истиқоматӣ мегардад, зеро ин нишондод дар вилояти Хатлон аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баландтар аст.

Ҳамчунин, барои расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар самти коҳиш додани миқдори фавти модару кӯдак имконият ба даст меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.