Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул раҳсипор шуд



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба панҷумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмонали Усмонзода, Вазири нақлиёт Хайрулло Асозода, Раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар доираи сафари мазкур ҳамчунин дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи сарони кишварҳо низ дар назар аст. Дар чорабинии мазкур аз иштироки сарони кишварҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон ва ҳамчунин ҳайатҳои 11 кишварҳои дигари ҷаҳон интизорӣ меравад.

Чорабиниҳои сатҳи байнулмилалӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз қаблан дар Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон доир гардида буданд.

Соли 2009 (ЮНЕСКО (UNESCO) – дафтари СММ дар умури илм, фарҳанг ва маориф ҷашни Наврӯзро вориди феҳрасти мероси фарҳангии маънавии ҷаҳон карда, ба он мақоми байнулмилалиро сазовор донист. Ин ид дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистион, Тоҷикистон, Туркия, Покистон ва минтақаҳои курднишини Ироқ хеле пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз ҳар сол дар рӯзи 21 март, ҳамчун рӯзи баробарии шабу рӯз ва фарорасии соли нави мардуми машриқзамин таҷлил мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное