Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул раҳсипор шуд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба панҷумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди […]



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба панҷумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмонали Усмонзода, Вазири нақлиёт Хайрулло Асозода, Раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар доираи сафари мазкур ҳамчунин дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи сарони кишварҳо низ дар назар аст. Дар чорабинии мазкур аз иштироки сарони кишварҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон ва ҳамчунин ҳайатҳои 11 кишварҳои дигари ҷаҳон интизорӣ меравад.

Чорабиниҳои сатҳи байнулмилалӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз қаблан дар Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон доир гардида буданд.

Соли 2009 (ЮНЕСКО (UNESCO) – дафтари СММ дар умури илм, фарҳанг ва маориф ҷашни Наврӯзро вориди феҳрасти мероси фарҳангии маънавии ҷаҳон карда, ба он мақоми байнулмилалиро сазовор донист. Ин ид дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистион, Тоҷикистон, Туркия, Покистон ва минтақаҳои курднишини Ироқ хеле пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз ҳар сол дар рӯзи 21 март, ҳамчун рӯзи баробарии шабу рӯз ва фарорасии соли нави мардуми машриқзамин таҷлил мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.