Суғд: Мусодираи маводи нашъаовар дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз

Рӯзи 25-уми март кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 34-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд, ки аз ӯ як адад брикети чоркунҷаи рангаш ҷигарӣ бо бӯи махсус мусодира карда шуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, брикетро таъҷилан барои ташхиси кимиёвӣ […]

ASIA-Plus



Рӯзи 25-уми март кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 34-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд, ки аз ӯ як адад брикети чоркунҷаи рангаш ҷигарӣ бо бӯи махсус мусодира карда шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, брикетро таъҷилан барои ташхиси кимиёвӣ равон намуданд. Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи мусодира шуда воситаи нашъадори “ҳашиш” мебошад.

Чӣ тавре, ки тафтиши пешакӣ нишон дод, боздоштшуда аллакай ду маротиба барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда будааст. Таҳлил нишон медиҳад, ки вақтҳои охир мунтазам барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шахсоне дастгир мешаванд, ки пештар барои ҷиноятҳои шабеҳ суд шудаанд. Ҷазо барои ҷиноятҳои мазкур ба онҳо дарси ибрат намешавад. Дер ё зуд онҳо боз ба “раҳи каҷ” бармегарданд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуд.

Айни ҳол чораҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани ҳамаи шахсоне, ки ба ҷинояти мазкур даст задаанд, андешида шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.