Кабирӣ дар Қазон масоили муҳоҷирати кориро баррасӣ кард

Дар доираи сафар ба Тотористон раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо Илнур Илдарович Гатауллин, роҳбари департаменти сиёсати дохилии дастгоҳи Президенти Тотористон масоили марбут ба вазъи муҳоҷирини тоҷик ва истифодаи потенсиали фаровони маънавӣ ва ахлоқии миллати тоҷик дар масъалаи пешгирии ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор дод. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни мулоқот М.Кабирӣ ба намояндагони дастгоҳи […]



Дар доираи сафар ба Тотористон раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо Илнур Илдарович Гатауллин, роҳбари департаменти сиёсати дохилии дастгоҳи Президенти Тотористон масоили марбут ба вазъи муҳоҷирини тоҷик ва истифодаи потенсиали фаровони маънавӣ ва ахлоқии миллати тоҷик дар масъалаи пешгирии ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни мулоқот М.Кабирӣ ба намояндагони дастгоҳи Президенти Тотористон аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ ва нақши он дар расидан ба сулҳу ваҳдат маълумот дода, ин равандро бузургтарин дастоварди миллӣ баъд аз истиқлолият арзёбӣ кардааст. Инчунин, аз муносибати хуби мақомоти ин ҷумҳурӣ нисбат ба муҳоҷирини тоҷик изҳори миннатдорӣ намуда, онро муносиб ба фарҳангу арзишҳои исломӣ ва инсонӣ донистааст.

Ҷаноби Гатаулин аз сиёсатҳои муътадил ва созандаи ҲНИТ дар Тоҷикистон ва минтақа, ба хусус, байни муҳоҷирини тоҷик сифат карда, онро барои пешгирӣ аз паҳншавии андешаҳои тунди сиёсӣ ва мазҳаби хеле муҳим гуфтааст. “Ҳар ҷомеъа ниёз ба чунин созмоне, мисли шумо дорад, то ин ки потенсиали динии он дар қолаби қонун ва мантиқ барои корҳои созанда сафарбар карда шавад. Дар сурати дигар, ҷои холиро дигарон пур мекунанд, ки ба нафъи касе нест”, гуфтааст масъули сиёсати дохилии дастгои президенти Тотористон.

Тарафҳо ба хулоса омадаанд, ки барои ҳамкории бештар дар самти муҳоҷирин, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва мусоидат ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон иртиботҳоро қавитар намоянд. Пешниҳоди раҳбари ҲНИТ барои ташаббусҳои бештари Қазон ҳамчун пули фарҳангӣ ва иқтисодӣ байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ҷонибдорӣ ёфта, изҳори омодагӣ барои ҳамкориҳо дар ин самт шудааст.

Ҳамчунин дар «Хонаи дӯстии халқҳо»-и Тотористон мулоқоти раҳбари ҲНИТ бо муҳоҷирини тоҷик сурат гирифтааст, ки вазъи имрӯзаи Тоҷикистон, мушкилоти муҳоҷирин ва дигар масоили рӯзмарра аз ҷумлаи мавзӯъҳои сӯҳбат будаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.