Шӯрои мудирони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) рӯзи панҷшанбе маблағгузорӣ дар ҳаҷми 526,5 млн. доллари ИМА дар шакли бурсҳову қарз барои Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро маъқул шуморид.
Дар иттилои БҶ дар ин робита зикр мегардад, ки аз ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сифати бурс ба Афғонистон 316,5 млн. $, қарз ба Покистон ба маблағи 120 млн. $, ба сифати қарзу бурс ба Қирғизистон 45 млн. $ ва ба сифати бурс ба Тоҷикистон 45 млн. $ маблағҳо ҷудо карда мешаванд.
Гуфта мешавад, дар доираи амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба масофаи умумии беш аз 1,2 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқии зарурӣ сохта мешаванд. Ҳамчунин барои савдои устувори нерӯи барқ дар ҳаҷми 1,3 ҳазор МВт зербинои зарурӣ низ бунёд мегардад. Маблағи умумии лоиҳа 1,17 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, воситаҳои боқимонда барои амалисозии лоиҳа аз ҷониби шарикони дигар оид ба рушд бо шумули Бонки исломии рушд ва Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ ҷудо карда мешаванд.
Дар иттилои Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки дар қаламрави Осиёи Ҷанубӣ ҳудуди 400 млн. нафар аз таъмини мунтазам бо нерӯи барқ маҳруманд. Кммбуди нерӯи барқро соҳибкорони минтақа яке аз монеъаҳои асосии пешрафи фаъолияташон медонанд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.



