Беш аз 526 млн. $ маблағгузории БҶ ба лоиҳаи CASA-1000

Шӯрои мудирони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) рӯзи панҷшанбе маблағгузорӣ дар ҳаҷми 526,5 млн. доллари ИМА дар шакли бурсҳову қарз барои Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро маъқул шуморид. Дар иттилои БҶ дар ин робита зикр мегардад, ки аз ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сифати бурс ба Афғонистон 316,5 млн. $, […]

Пайрав Чоршанбиев



Шӯрои мудирони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) рӯзи панҷшанбе маблағгузорӣ дар ҳаҷми 526,5 млн. доллари ИМА дар шакли бурсҳову қарз барои Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро маъқул шуморид.

Дар иттилои БҶ дар ин робита зикр мегардад, ки аз ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сифати бурс ба Афғонистон 316,5 млн. $, қарз ба Покистон ба маблағи 120 млн. $, ба сифати қарзу бурс ба Қирғизистон 45 млн. $ ва ба сифати бурс ба Тоҷикистон 45 млн. $ маблағҳо ҷудо карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар доираи амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба масофаи умумии беш аз 1,2 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқии зарурӣ сохта мешаванд. Ҳамчунин барои савдои устувори нерӯи барқ дар ҳаҷми 1,3 ҳазор МВт зербинои зарурӣ низ бунёд мегардад. Маблағи умумии лоиҳа 1,17 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, воситаҳои боқимонда барои амалисозии лоиҳа аз ҷониби шарикони дигар оид ба рушд бо шумули Бонки исломии рушд ва Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ ҷудо карда мешаванд.

Дар иттилои Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки дар қаламрави Осиёи Ҷанубӣ ҳудуди 400 млн. нафар аз таъмини мунтазам бо нерӯи барқ маҳруманд. Кммбуди нерӯи барқро соҳибкорони минтақа яке аз монеъаҳои асосии пешрафи фаъолияташон медонанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.