Сарпрокуратураи ҳарбӣ ҷараёни даъват ба хизматро зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад

Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ доир ба иҷрои талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба […]

ASIA-Plus



Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ доир ба иҷрои талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» доир карда шуд. Дар ҷамъомади мазкур мақомоти масъул оид ба даъватӣ иштирок доштанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар ҷаласа аз ҷониби масъулини Сарпрокуратураи ҳарбӣ қайд карда шуд, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ санадҳои зикршударо асосан дар сатҳи дахлдор иҷро намуда, баҳри пешгирӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Пас аз таъкидҳои масъулини дахлдор диққати ҳозирин ба он ҷалб карда шуд, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ чорабинии муҳими давлатӣ-даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз меёбад. Аз ин рӯ, дар назди комиссияҳои даъватӣ, вазорату идораҳои ҳарбӣ, махсусан, духтур-мутахассисон дар доираи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ин маърака, пуррагардонии сафҳои Артиши миллӣ бо ҷавонони бардаму солим масъалагузорӣ карда шуд.

Ҳамчунин аз комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ ва масъулини дигар талаб карда шуд, ки бо ҷалби бештари мақомоти манфиатдор ва дигар сохторҳо талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, омилҳои ба қонунвайронкуниҳои корупсионӣ мусоидаткунандаро пешгирӣ намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.