Кормандони Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон дар кори конфронси 82-юми Ассотсиатсияи корҳои иктишофӣ ва истихроҷии Канада (PDAC) ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Саридораи геология, иштироки намояндагони тоҷик дар доираи лоиҳаи муштарак бо Хадамоти геологии Финландия – “Рушдёбӣ ва мукаммалгардонии системаи ахборотӣ дар ҷанбаи геологии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ” амалӣ гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур намояндагони хадамотҳои геологии Қазоқистон ва Қирғизистон низ иштирок доштанд.
Ба иттилои манбаъ, хадамоти геологии Тоҷикистонро дар Конгресс Мурод Хол – сардори Саридораи геология, Бахтдавлатов Р. Д. – муовини аввали сардор, Буров О. А. – сардори шуъбаи робитаҳои хориҷӣ намояндагӣ карданд.
Гуфта мешавад, дар бахши қисмати “Корҳои куҳӣ дар Осиёи Марказӣ, Ашёи минералии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон” аз ҷониби Саридораи геология ду маърӯза – “Пояи қонунгузорӣ – асоси рушди иқтисодиёт” – суханронии Мурод Хол ва “Манбаи ашёи минералӣ. Потенсиали рушди ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистон” – суханронии Бахтдавлатов Р.Д. манзур гардид.
Ассотсиатсияи корҳои иктишофӣ ва истихроҷии Канада (PDAC) ин ассотсиатсияи миллии рушдёбӣ ва коркарди ашёи минералӣ мебошад. Дар корҳои Конгресси PDAC ҳамасола зиёда аз 10 ҳазор намояндагони хусусӣ ва корпоративии тамоми дунё, ки стандартҳои баландро дар ҷанбаҳои геологӣ, техникӣ, экологӣ, бехатарӣ ва иҷтимоӣ дастгирӣ мекунанд, иштирок менамоянд. Ҳамаи чорабиниҳои PDAC дар шаҳри Торонто баргузор мегарданд.



