IFC ва «ИМОН Интернейшнл» ба маблағи 5 млн. $ шартнома бастанд

Имрӯз дар Душанбе маросими баимзорасии шартнома миёни Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва Ташкилоти амонатгузории хурди «ИМОН Интернейшнл» дар бораи ҷудо кардани қарзи тиҷоратӣ дар ҳаҷми 5 млн. доллари ИМА баргузор шуд. Дар доираи ин қарзи тиҷоратӣ «ИМОН Интернейшнл» шабакаи филиалҳояшро афзуда, дар баробари он ба қарздиҳӣ дар бахши кишоварзӣ тавсеъа бахшиданист. Дар ҷараёни чорабинӣ зикр […]

Заррина Эргашева



Имрӯз дар Душанбе маросими баимзорасии шартнома миёни Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва Ташкилоти амонатгузории хурди «ИМОН Интернейшнл» дар бораи ҷудо кардани қарзи тиҷоратӣ дар ҳаҷми 5 млн. доллари ИМА баргузор шуд.

Дар доираи ин қарзи тиҷоратӣ «ИМОН Интернейшнл» шабакаи филиалҳояшро афзуда, дар баробари он ба қарздиҳӣ дар бахши кишоварзӣ тавсеъа бахшиданист.

Дар ҷараёни чорабинӣ зикр гардид, ки ин маблағгузорӣ дарозмуҳлат буда, бо асъори миллӣ сурат мегирад, ки он дар бозори тоҷикӣ кам дучор меояд.

Ба гуфтаи директор оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Гурӯҳи IFC оид ба ниҳодҳои молиявӣ Эдвард Строудэрман, маблағгузорӣ бо асъори миллӣ ба афзоиши пешниҳоди қарзҳои дастрас ба фермерҳо, корхонаҳои хурд ва занони соҳибкор имкони мусоид фароҳам меоварад.

«Ин имкон медиҳад, ки талаботи беш аз 75 ҳазор мизоҷон ба маблағгузорӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон қонеъ карда шавад. Бозори қарздиҳии хурди Тоҷикистон пас аз Қирғизистон бозори дуюми бузурги минтақа мебошад, вале ба ҳар ҳол, бозори қарздиҳии хурд дар ҷумҳурӣ яке аз пассттаринҳо боқӣ мемонад. Маълумоте мавҷуд аст, ки ҳиссаи қарздиҳии хурд дар ММД-и Тоҷикистон ҳамагӣ 3,6%-ро ташкил медиҳад, ки албатта, қабули қарорҳои дахлдор барои рушди ин бозорро тақозо мекунад», – гуфт ӯ.  

Дар «ИМОН Интернейшнл» дар бораи бо кадом миқдор фоизҳо ҷалб шудани ин воситаҳои молиявӣ маълумот надоданд, вале зикр карданд, ки меъёри фоизҳои миёнаи ин ташкилоти хурди қарздиҳӣ бо сомонӣ аз 14 то 17% ва бо доллари ИМА аз 9 то 13%-и солонаро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.