Иҷозатнома барои коркарди кони тиллои «Рангкӯл»

Ояндаи наздик комиссияи махсуси ҳукумати Тоҷикистон масъалаи додани иҷозатнома барои анҷом додани корҳои иктишофи геологӣ ва ҳуқуқи коркард дар майдони кони тиллои пошидаи «Рангкӯл» дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро баррасӣ мекунад. Аз Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки майдони тиллои пошида (реза) дар мавзеи кӯли Рангкӯл, бевосита дар […]

Заррина Эргашева



Ояндаи наздик комиссияи махсуси ҳукумати Тоҷикистон масъалаи додани иҷозатнома барои анҷом додани корҳои иктишофи геологӣ ва ҳуқуқи коркард дар майдони кони тиллои пошидаи «Рангкӯл» дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро баррасӣ мекунад.

Аз Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки майдони тиллои пошида (реза) дар мавзеи кӯли Рангкӯл, бевосита дар наздикии марзи Тоҷикистону Чин воқеъ аст.

«Якчанд ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ барои иштирок ва дарёфти иҷозатнома ҷиҳати роҳандозии корҳо дар ин майдон ариза пешниҳод намуданд, – гуфтанд дар Саридораи геология. – Захираҳои кони «Рангкӯл» он қадр зиёд нестанд – каме бештар аз 1,2 ҳазор кило тилло, вале дурнамояш хеле бузург аст».

Тибқи баъзе маълумот, ҳаҷми эҳтимолии сармоягузорӣ дар марҳилаи аввал то ба 3 млн. доллари ИМА расида метавонад, вале бозгашти сармоягузориҳо ба сатҳи истихроҷи тилло дар кон баъди баргузории корҳои геологӣ вобаста аст.

Тибқи иттилои қаблӣ, захираҳои эҳтимолии тиллои пошида дар Тоҷикистон тахминан 100 тоннаро ташкил медиҳанд. Ин маълумот баъди таҳияи харитаи захираҳои эҳтимолӣ дар конҳои тиллои резаи Тоҷикистон ба даст оварда шуданд.

Бино ба маълумоти геологҳои тоҷик, конҳои тиллои реза асосан дар минтақаи шимол ва ҷанубу шарқи кишвар воқеъ буда, бо азхудкунии ин конҳо беш аз 1,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.