Иштироки геологҳои тоҷик дар кори конфронси PDAС

Кормандони Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон дар кори конфронси 82-юми Ассотсиатсияи корҳои иктишофӣ ва истихроҷии Канада (PDAC) ширкат варзиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Саридораи геология, иштироки намояндагони тоҷик дар доираи лоиҳаи муштарак бо Хадамоти геологии Финландия – “Рушдёбӣ ва мукаммалгардонии системаи ахборотӣ дар ҷанбаи геологии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ” амалӣ гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур […]

ASIA-Plus



Кормандони Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон дар кори конфронси 82-юми Ассотсиатсияи корҳои иктишофӣ ва истихроҷии Канада (PDAC) ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Саридораи геология, иштироки намояндагони тоҷик дар доираи лоиҳаи муштарак бо Хадамоти геологии Финландия – “Рушдёбӣ ва мукаммалгардонии системаи ахборотӣ дар ҷанбаи геологии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ” амалӣ гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур намояндагони хадамотҳои геологии Қазоқистон ва Қирғизистон низ иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, хадамоти геологии Тоҷикистонро дар Конгресс Мурод Хол – сардори Саридораи геология, Бахтдавлатов Р. Д. – муовини аввали сардор, Буров О. А. – сардори шуъбаи робитаҳои хориҷӣ намояндагӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар бахши қисмати “Корҳои куҳӣ дар Осиёи Марказӣ, Ашёи минералии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон” аз ҷониби Саридораи геология ду маърӯза – “Пояи қонунгузорӣ – асоси рушди иқтисодиёт” – суханронии Мурод Хол ва “Манбаи ашёи минералӣ. Потенсиали рушди ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистон” – суханронии Бахтдавлатов Р.Д. манзур гардид.

Ассотсиатсияи корҳои иктишофӣ ва истихроҷии Канада (PDAC) ин ассотсиатсияи миллии рушдёбӣ ва коркарди ашёи минералӣ мебошад. Дар корҳои Конгресси PDAC ҳамасола зиёда аз 10 ҳазор намояндагони хусусӣ ва корпоративии тамоми дунё, ки стандартҳои баландро дар ҷанбаҳои геологӣ, техникӣ, экологӣ, бехатарӣ ва иҷтимоӣ дастгирӣ мекунанд, иштирок менамоянд. Ҳамаи чорабиниҳои PDAC дар шаҳри Торонто баргузор мегарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.