Reuters: Молдова, Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳти фишори Русия қарор гирифтанд



Русия ба чанде аз кишварҳо таҳдид кардааст, то ки ба ҷонибдории қатъномаи Маҷмаъи Умумии СММ дар бораи ғайриқонунӣ эътироф шудани раъйпурсӣ дар Қрим овоз надиҳанд. Дар ин бора ба агентии Reuters дипломатҳои СММ хабар додаанд, ки аксарашон нахостаанд ному насабашон ифшо гардад.

Ба гуфтаи онҳо, Молдова, Қирғизистон, Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои африқоӣ таҳти фишори Русия қарор гирифтаанд. Онҳо гуфтаанд, таҳдидҳои Русия хусусияти мушаххасе надоштаанд, аммо аён будааст, ки дар посух ба овоздиҳии номақбул, Русия омода аст, ки муҳоҷирони кориро аз кишвараш хориҷ карда, интиқоли гази табииро қатъ созад ва ё таҳримҳои тиҷоратӣ ҷорӣ намояд.

Корманди Намояндаги Русия дар СММ изҳор доштааст: «Мо ҳеҷ гоҳ ба касе таҳдид намекунем. Мо танҳо вазъро шарҳ медиҳем».

Дипломатҳои Қирғизистону Тоҷикистон чун намояндагони як қатор кишварҳои африқоӣ ба дархости Reuters дар бораи шарҳи масъала посух нагуфтаанд. Ҳардуи ин кишвар дар овоздиҳӣ иштирок накарданд.

Сафири Молдова дар СММ Владимир Лупан зикр кардааст, ки ӯ дар чунин мубоҳисаҳо иштирок накарда, барои тасдиқ ё инкори ин гуна изҳорот омода нест. Молдова ба ҷонибдории қатънома раъй дод.

Намояндагони Руанда ва Кот-д Ивуар ин изҳоротро рад кардаанд (Руанда аз овоздиҳӣ худдорӣ карда, Кот-д Ивуар дар он иштирок накард).

spot_imgspot_img

Популярное