Reuters: Молдова, Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳти фишори Русия қарор гирифтанд

Русия ба чанде аз кишварҳо таҳдид кардааст, то ки ба ҷонибдории қатъномаи Маҷмаъи Умумии СММ дар бораи ғайриқонунӣ эътироф шудани раъйпурсӣ дар Қрим овоз надиҳанд. Дар ин бора ба агентии Reuters дипломатҳои СММ хабар додаанд, ки аксарашон нахостаанд ному насабашон ифшо гардад. Ба гуфтаи онҳо, Молдова, Қирғизистон, Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои африқоӣ таҳти фишори […]

ASIA-Plus



Русия ба чанде аз кишварҳо таҳдид кардааст, то ки ба ҷонибдории қатъномаи Маҷмаъи Умумии СММ дар бораи ғайриқонунӣ эътироф шудани раъйпурсӣ дар Қрим овоз надиҳанд. Дар ин бора ба агентии Reuters дипломатҳои СММ хабар додаанд, ки аксарашон нахостаанд ному насабашон ифшо гардад.

Ба гуфтаи онҳо, Молдова, Қирғизистон, Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои африқоӣ таҳти фишори Русия қарор гирифтаанд. Онҳо гуфтаанд, таҳдидҳои Русия хусусияти мушаххасе надоштаанд, аммо аён будааст, ки дар посух ба овоздиҳии номақбул, Русия омода аст, ки муҳоҷирони кориро аз кишвараш хориҷ карда, интиқоли гази табииро қатъ созад ва ё таҳримҳои тиҷоратӣ ҷорӣ намояд.

Корманди Намояндаги Русия дар СММ изҳор доштааст: «Мо ҳеҷ гоҳ ба касе таҳдид намекунем. Мо танҳо вазъро шарҳ медиҳем».

Дипломатҳои Қирғизистону Тоҷикистон чун намояндагони як қатор кишварҳои африқоӣ ба дархости Reuters дар бораи шарҳи масъала посух нагуфтаанд. Ҳардуи ин кишвар дар овоздиҳӣ иштирок накарданд.

Сафири Молдова дар СММ Владимир Лупан зикр кардааст, ки ӯ дар чунин мубоҳисаҳо иштирок накарда, барои тасдиқ ё инкори ин гуна изҳорот омода нест. Молдова ба ҷонибдории қатънома раъй дод.

Намояндагони Руанда ва Кот-д Ивуар ин изҳоротро рад кардаанд (Руанда аз овоздиҳӣ худдорӣ карда, Кот-д Ивуар дар он иштирок накард).

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.