Буҷети шаҳри Қӯрғонтеппа 4,5 млн. сомонӣ зиёд шуд

Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба буҷети шаҳр дар соли равон қарор қабул шуд. Маҷлиси вакилони халқ қарор кард, ки қисмати даромади буҷети шаҳр аз 60 млн. 377 ҳазору 838 сомонӣ то ба 64 млн. 877 ҳазору 838 сомонӣ, яъне ба миқдори 4,5 млн. сомонӣ афзуда шавад. […]

Сайраҳмон Назриев



Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба буҷети шаҳр дар соли равон қарор қабул шуд.

Маҷлиси вакилони халқ қарор кард, ки қисмати даромади буҷети шаҳр аз 60 млн. 377 ҳазору 838 сомонӣ то ба 64 млн. 877 ҳазору 838 сомонӣ, яъне ба миқдори 4,5 млн. сомонӣ афзуда шавад.

Ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати шаҳр, аз 4,5 млн. сомонии маблағи зиёдшуда тақрибан 1 млн. сомонӣ барои таъмиру дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард, боз 1 млн. сомонӣ барои сохтмон, 500 ҳазор сомонӣ барои поксозии чоҳу заҳбурҳо ва 2 млн. сомонӣ ба бахши коммуналии шаҳр равона мегардад.

Қобили зикр аст, ки соли 2014 шаҳри Қӯрғонтеппа ба буҷети вилояти Хатлон 14 млн. 661 ҳазору 855 сомонӣ маблағ ворид намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.