Прокурор барои Далер Ватанов, ки ба қатли шаҳрванди Русия айбдор крада мешавад, 17 соли зиндон дархост намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур судя Тоштемир Қурбонзода хабар дод.
Суди вилояти Хатлон баррасии ин парвнадаро нимаи моҳи март оғоз кард. Далер Ватанов, сокини ҷамоати тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, дар содир намудани ҷиноят тибқи 5 моддаи КҶ, аз ҷумла одамкушӣ гумонбар дониста мешавад.
Дар мурофиаи судии оғозгардида судшаванда қатли ҳамзисти худ, шаҳрванди Русия Олга Ермаковаро эътироф кард. «Тибқи баёноти судшаванда, ин ҷуфт дар Санкт-Петербург иқомат дошта, ба ноҳияи Балашови вилояти Саратов кӯч мебанданд ва дар ин ҷо манзили зист мехаранд. Санаи 12-уми сентябри соли 2012 зан аз Далер дархост мекунад, ки ба ҷобаҷогузории мебел ба ӯ кумак кунад. Миёни онҳо муноқиша рух медиҳад. Олга ҳамзисти худро «чурка» номида, ӯро таҳқир мекунад. Аз чунин рафтор Далер ба хашм омада, бо табар ба пушти сари ӯ зарба мезанад. Сипас ҷасади занро назди хона гӯронида, писари 5-сола ва автомашинаи занро бо худ мегирад ва дар шаҳри Екатеринбург пинҳонӣ зиндагӣ мекунад. Дар он ҷо ӯ автомашинаро ба шиноси худ мефурӯшад, зеро барои автомашина ваколатнома дошт. Баъди ин кӯдакро дар он ҷо гузошта, ба Тоҷикистон меояд», – зикр кард судя.
Бар асоси маводи кумитаи тафтишоти Русия моҳи феврали соли ҷорӣ кормандони милисаи вилояти Хатлон Далер Ватановро дар ҷамоати Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён боздошт мекунанд. Мурофиаи навбатии судӣ санаи 1-уми апрел доир мегардад.



