Кормандони милиса 11 кило афюн мусодира карданд

Зимни баргузори чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир сокини 30-солаи шаҳри Душанбе Аҳлиддин Сафаров боздошт шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 10 кг 858 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира намуданд.   Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳамчунин аз ҷониби кормандони ШВКД […]

ASIA-Plus



Зимни баргузори чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир сокини 30-солаи шаҳри Душанбе Аҳлиддин Сафаров боздошт шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 10 кг 858 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира намуданд.  

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳамчунин аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Данғара дар вақти кофтукови шахсӣ бо 970 грамм маводи нашъадори «афюн» шаҳрванд Ғуломов Мирзоалӣ, соли таваллудаш 1970, сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад. ки нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.