Боздиди дипломати тоҷик аз парлумони Покистон

Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Шералӣ Ҷононовро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Душанбе дар Исломобод хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, Сардор Аёз Содиқ таъкид доштааст, ки Покистон ба муносибатҳояш бо Тоҷикистон таваҷчуҳи хосса […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Шералӣ Ҷононовро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Душанбе дар Исломобод хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, Сардор Аёз Содиқ таъкид доштааст, ки Покистон ба муносибатҳояш бо Тоҷикистон таваҷчуҳи хосса зоҳир мекунад, зеро ҳарду кишвар бо робитаҳои хеле зиёди таърихиву фарҳангӣ ва динӣ ба ҳам пайвастагии ногусастанӣ доранд.

Зимни вохӯрӣ зикр шудааст, ки таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ низ ба ин муносибатҳо тақвият мебахшад. Дар ҷараёни мулоқот ба нақши муҳими Тоҷикистон дар ҳалли буҳрони энергетикӣ дар минтақа низ таъкид шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ин вохӯрӣ ҳайати нави гурӯҳи байнипарлумонии дӯстии Ассамблеяи миллии Покистон бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ пешниҳод гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.