Хатлон: Дархости 17 соли зиндон ба қотили шаҳрванди Русия

Прокурор барои Далер Ватанов, ки ба қатли шаҳрванди Русия айбдор крада мешавад, 17 соли зиндон дархост намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур судя Тоштемир Қурбонзода хабар дод. Суди вилояти Хатлон баррасии ин парвнадаро нимаи моҳи март оғоз кард. Далер Ватанов, сокини ҷамоати тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, дар содир намудани ҷиноят тибқи […]

Сайраҳмон Назриев



Прокурор барои Далер Ватанов, ки ба қатли шаҳрванди Русия айбдор крада мешавад, 17 соли зиндон дархост намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур судя Тоштемир Қурбонзода хабар дод.

Суди вилояти Хатлон баррасии ин парвнадаро нимаи моҳи март оғоз кард. Далер Ватанов, сокини ҷамоати тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, дар содир намудани ҷиноят тибқи 5 моддаи КҶ, аз ҷумла одамкушӣ гумонбар дониста мешавад.

Дар мурофиаи судии оғозгардида судшаванда қатли ҳамзисти худ, шаҳрванди Русия Олга Ермаковаро эътироф кард. «Тибқи баёноти судшаванда, ин ҷуфт дар Санкт-Петербург иқомат дошта, ба ноҳияи Балашови вилояти Саратов кӯч мебанданд ва дар ин ҷо манзили зист мехаранд. Санаи 12-уми сентябри соли 2012 зан аз Далер дархост мекунад, ки ба ҷобаҷогузории мебел ба ӯ кумак кунад. Миёни онҳо муноқиша рух медиҳад. Олга ҳамзисти худро «чурка» номида, ӯро таҳқир мекунад. Аз чунин рафтор Далер ба хашм омада, бо табар ба пушти сари ӯ зарба мезанад. Сипас ҷасади занро назди хона гӯронида, писари 5-сола ва автомашинаи занро бо худ мегирад ва дар шаҳри Екатеринбург пинҳонӣ зиндагӣ мекунад. Дар он ҷо ӯ автомашинаро ба шиноси худ мефурӯшад, зеро барои автомашина ваколатнома дошт. Баъди ин кӯдакро дар он ҷо гузошта, ба Тоҷикистон меояд», – зикр кард судя.

Бар асоси маводи кумитаи тафтишоти Русия моҳи феврали соли ҷорӣ кормандони милисаи вилояти Хатлон Далер Ватановро дар ҷамоати Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён боздошт мекунанд. Мурофиаи навбатии судӣ санаи 1-уми апрел доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.