Муҳокимаи парлумонии лоиҳаи қонун «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»



Бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарону масъулони як қатор вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд. Дар ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ танҳо як масъала –  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибки иттилои котиби матбуотии Мачлиси намояндагон Мухамадато Султонов, муҳокимаи парлумониро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов ифтитоҳ намуд. Сипас, рӯзномаи ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ аз чониби  вакилон тасдиқ карда шуд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов дар суханронии худ иброз дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо назардошти принсип, мақсаду вазифа ва самтҳои асосии ин зинаи таҳсилот, ки аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бармеоянд, бо мақсади муайян кардани сиёсати давлат, асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию молиявии он таҳия ва пешниҳод карда мешавад.

Сипас, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Окилов ва   муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Бозоралӣ роҷеъ ба масъалаи баррасишаванда суханронӣ намуда, таъкид  карданд, ки  лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади муайян кардани сиёсати давлат, асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию молиявии он таҳия ва пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур аз 6 боб ва 25 модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи тасилоти миёнаи касбӣ, кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, забони таҳсил, стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи каасбӣ ва барномаҳои таълимӣ, низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисони муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ, оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муҳлат ва шаклҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, субъектҳои раванди таълиму тарбия, ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилоти миёнаи касбӣ, маблаѓгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, моҳият, мақсад ва принсипҳои идоракунӣ, Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва дигар масъалаҳо ҷой дода шудаанд.

Дар назди ҳозирин ҳамчунин Раиси кумитаи Мачлиси намояндагон Лутфулло Саидмуродов ва дигар намояндагони вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистоин баромад намуда, андешаҳои худро аз рӯи масъалаи мазкур иброз доштанд.

Ҳамчунин,  вакилон Низом Қосим, Мирочиддин Хакимов  ва дигарон баромад намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ пешниҳодҳои ҷолиб ироа доштанд.

Дар охири муҳокимаи парлумонӣ аз рӯи масъалаи баррасишаванда қарори дахлдор қабул гардид.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни ҷаласаи муҳокимаи парламентиро  оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баррасӣ намуда ба лоиҳаи Қонуни мазкур ворид намояд.

spot_imgspot_img

Популярное