Боздошти сокини Панҷ дар пойтахт бо миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир



Аз ҷониби кормандони Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар  рӯ ба рӯ тарабхонаи «Шаҳриёр»-и пойтахт сокини ноҳияи Панҷ Ҷамолиддин Ятимови 20-сола ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир карда шуд.


Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови манзили муваққатии истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт 34 килою 420 грамм маводи нашъадори  «ҳашиш», 2 килою 280 грамм маводи нашъадори «афюн» ва 1-адад тапончаи тамғаи «Макаров» бо 6- дона тир  дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, вазни умумии маводҳои нашъадор 36 килою 700- граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное