Милисаҳои тоҷики дар Қирғизистон ҳабсшуда дастгирии ҳукуматро дархост доранд

Собиқ кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳкам Лашкаров ва Асалбек Боронбоев, ки тирамоҳи соли 2012 дар қаламрави наздимарзии Қирғизистон боздошт шуда буданд, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост доранд, ки ба тафтиши воқеъбинонаи парвандаи ҷиноии онҳо мусоидат намоянд. Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, собиқ кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб, кормандони фаврии шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноӣ подполковники милиса Маҳкам […]

ASIA-Plus



Собиқ кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳкам Лашкаров ва Асалбек Боронбоев, ки тирамоҳи соли 2012 дар қаламрави наздимарзии Қирғизистон боздошт шуда буданд, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост доранд, ки ба тафтиши воқеъбинонаи парвандаи ҷиноии онҳо мусоидат намоянд.

Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, собиқ кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб, кормандони фаврии шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноӣ подполковники милиса Маҳкам Лашкаров ва капитани милиса Асалбек Боронбеков 23-юми октябри соли 2012 бо миқдори зиёди маводи мухаддир дар Қирғизистон боздошт шуда буданд.

М.Лашкарбеков тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки онҳо муддати якуним сол аст, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ дар Қирғизистон қарор дошта, он замон ба кишвари ҳамсоя бо сафари корӣ раҳсипор гардида буданд.

«Раҳбарият ба мо гуфтанд, ки моро дар марз намояндагони мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон пешвоз мегиранд, – гуфт Лашкарбеков. – Пас аз интизории тӯлонӣ пешвозгирандагон омада, дастур доданд, ки автомашинаи мо дақиқан кофтуков карда шавад. Ҳеҷ чизи ғайриқонуниро дар автомашина пайдо накарда, моро мустақиман ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурданд ва зимни азназаргузаронии такрорӣ аз  автомашинаи мо маводи мухаддир дарёфт карданд. Ин маводи мухаддирро мо бори авввал медидем. Мо чунин мешуморем, ки ин возеҳан айбдоркунии сохта аст».

Дар робита ба изҳороти расмии ВКД ҶТ аз 24-уми октябри соли 2012 оид ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ набудани Лашкарбеков ва Боронбоев зимни боздошташон, Лашкарбеков зикр кард, ки «замони боздошт шаҳодатномаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва варақаҳои сафари корӣ дар дасташон будааст».

«Бигӯед, чӣ гуна шахс рӯзи 16-уми октябр барои хизмати шоиста ба рутбаи подполковник сазовор дониста мешудаасту пас аз чор рӯз аз кор озод мегардидааст? Гузашта аз ин, пас аз сабукдӯш шудан аз кор корманди собиқ бояд ҳатман шаҳодатномаашро супорад, вале онҳо дар дасти мо буданд. Ғайр аз ин, кормандони собиқро ба сафарҳои корӣ намефиристанд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Лашкарбеков, муддати 1,5 сол онҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дошта, айни замон парвандаи онҳоро Суди олии Қирғизистон баррасӣ мекунад.

Ӯ зикр кард, ки то ҳанӯз намояндагони расмии Тоҷикистон дар Қирғизистон ба тақдири онҳо ва маҳбусони сершумори дигар аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.

Боздоштшудагон аз раҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори кишвар дархост доранд, ки ба баррасии ҳарчи зудтар ва воқеъбинонаи парвандаи ҷиноии нисбати онҳо бозшуда мусоидат намоянд.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

расман тасдиқ намуда буд

, ки дар Қирғизистон собиқ кормандони Шуъбаи вазорат дар ноҳияи Мурғоб Асалбек Боронов ва Маҳкам Лашкаров боздошт шудаанд.


Дар акс Маҳкам Лашкаров

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.