Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар аст, ки паёми анъанавии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон, ки рӯзи 23-юми апрел ироа мекунад, бояд аз паёмҳои пешин ҳам аз ҷиҳати сохтор ва ҳам аз нигоҳи мундариҷа фарқ бикунад.
«Паём ба парлумон набояд мавриди муқоисаи давраҳои гуногуни рушди кишвар ва вазифагузорӣ ба мансабдорон бошад, барои ин ҷаласаҳои ҳукумат ва дигар чорабиниҳо вуҷуд доранд», – чунин мешуморад Кабирӣ.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки дар паём ба парлумон сарвари давлат возеҳ баён хоҳад кард, ки Тоҷикистон ба куҷо равона асту соли оянда ӯро чӣ интизор аст.
«Президент бояд бигӯяд, ки оё мо минбаъд ба беҳбудии вазъ умедвор буда метавонем. Барои мо муҳим аст, ки президент дар бораи ҳолатҳои сершумори нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон, шиканҷаҳо, фишор болои аҳзоби мухолиф ва ходимони сиёсӣ, вазъи носолим дар бахши тиҷорат ва бисёр масъалаҳои дигар чӣ мегӯяд», – гуфт раиси ҲНИТ.
Ба андешаи сиёсатмадор, ҷомеа яқинан мехоҳад бидонад, ки назари шахсии президент ба ин мушкилот чӣ гуна аст ва оё ӯ нияти ҳалли онҳоро дорад. «Масъалаҳое мавҷуданд, ки ҳалли маҷмӯиро тақозо мекунанд. Масалан, иқтисод, энергетика ва масъалҳои иҷтимоӣ. Воқеъбин мебояд буд – дарҳол онҳоро наметавон ҳал кард, вале дигар мушкилоте низ мавҷуданд, ки барои ҳалли онҳо ирода, аз ҷумла иродаи шахсии президент кофист, ки онҳ роҳи ҳалли худро пайдо кунанд. Ман фазои носолими имрӯза дар бахши иҷтимоиву сиёсӣ, тақвияти фишор аз ҷониби мансабдорони маҳаллиро дар назар дорам, ки ба вазъи умумӣ дар кишвар таъсир мерасонад», – зикр кард Кабирӣ.
Ба қавли ӯ, таҷриба гувоҳи он аст, ки агар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳусни тафоҳум ва дар масоили асосии сиёсати дохилӣ созиш вуҷуд дошта бошад, мардуми тоҷик метавонад ба вазъи душвортарини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сабр ва онро паси сар намояд. «Агар шаҳрвандон сарфи назар аз мансубияти мазҳабӣ, миллӣ ва ҳизбӣ ё мақоми иҷтимоӣ эҳсос бикунанд, ки андешаи онҳо низ ба инобат гирифта мешавад. Бисёр умедворем, ки ин дар паёми сарвари давлат ва пешвои миллат садо хоҳад дод», – афзуд раиси ҲНИТ.



