Тренинги «Ҳамкории ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон» дар Қӯрғонтеппа

Санаи 11-12 апрели с. 2014 Намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон тренинги дурўзаро, дар мавриди «Ҳамкории ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон» доир намуд. Дар доираи ин тренинг 15 нафар аз журналистон ва намояндагони созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Қумсангир, Шаҳритуз, Қубодиён ва дигар минтақаҳои вилояти Хатлон барои пайдо кардани […]

ASIA-Plus



Санаи 11-12 апрели с. 2014 Намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон тренинги дурўзаро, дар мавриди «Ҳамкории ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон» доир намуд. Дар доираи ин тренинг 15 нафар аз журналистон ва намояндагони созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Қумсангир, Шаҳритуз, Қубодиён ва дигар минтақаҳои вилояти Хатлон барои пайдо кардани заминаҳои муштараки ҳамкорӣ ба хотири дифо аз ҳуқуқи инсон талош намуданд.

Дар иттилоияи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки иштирокчиёни тренинг тарзи омода кардани мақолаҳо дар мавзўҳои ҳуқуқи инсон ва нозукиҳои ташкил намудани мусоҳиба бо қурбониёни нақзи ҳуқуқи инсонро омўхта, инчунин бо ҷанбаҳои қонунии оростани мусоҳиба бо поймолкунандагони ҳуқуқи инсон шинос шуданд.

Рухшона Олимова, Ҳамоҳангсози барномаҳои “Дастрасӣ ба иттилоот ва хизматрасонӣ”-и Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва директори “Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон” Сергей Романов ба ҳайси тренер ба иштирокчиён дарс гуфтанд.

Носирҷон Маъмурзода, яке аз иштирокчиёни фаъоли тренинг гуфт, ки «воқеан, тренинги «Ҳамкорӣ миёни ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон» барои аксари намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва расонаҳои хабарии маҳаллӣ хеле муҳим аст, зеро то имрӯз иртиботи қавӣ миёни ин ду институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хатлон роҳандозӣ нашудааст. Ин давраи омӯзишӣ имкон медиҳад, ки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ роҳу усулҳои муносибат ва робитасозӣ бо журналистонро омӯзанд. Дар навбати худ журналистон ҳам дар ин тренинг бо кори созмонҳои ҷамъиятӣ аз наздик шинос шуда, бо намояндагони онҳо табодули назар мекунанд».

Мавриди зикр аст, ки ин тренинг аллакай дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа доир гардида, дар оянда дар шаҳрҳои Кўлоб ва Хоруғ баргузор хоҳад гашт.

Тренинг дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия ва “Хазинаи миллии рушди демократия” (NED) маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.