Рӯзи 15-уми апрел дар манзил-осорхонаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд ба муносибати солгарди навбатии нависанда чорабинии ботантана баргузор шуд.
Рӯзноманигори ӯзбек Тошпӯлод Раҳматуллоев дар блоги худ дар ин робита навиштааст, ки намояндагони зиёиёни эҷодкори Самарқанд 136-умин солгарди ходими маъруфи адабиёти тоҷику ӯзбек Садриддин Айниро ботантана ҷашн гирифтаанд. Бо ин мақсад дар манзил-осорхонаи нависанда шоирону нависандагон, олимон, омӯзгорони макотиби олӣ ва мактабҳои миёна ва донишҷӯёну толибилмон гирдиҳам омадаанд.
Гуфта мешавад, назди ҳозирин доктори улуми филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аслиддин Қамарзода, шоирону нависандагон Нусрат Раҳмат, Салим Кенҷа, Нормурод Каримзода ва чанде дигарон дар бораи ҳаёту фаъолияти пурбаракати адиб маърӯза кардаанд. Донишҷӯёну толибилмони синфҳои болоии макотиби миёна аз асарҳои адиби шинохта порчаҳо қироат намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ин чорабинӣ ҳамчунин кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон низ ҳузур доштаанд.



