Филиппин барои шаҳрвандони Тоҷикистон реҷаи бидуни раводид ҷорӣ кард

Вазорати корҳои хориҷии Филиппин рӯзи 15-уми апрел эълом дошт, ки барои шаҳрвандони 7 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон имтиёзоти марбут ба раводидро ҷорӣ мекунад. Бино ба иттилои сомонаи расии ВКХ Филиппин, шаҳрвандони Белиз, Хорватия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон метавонанд то 30 рӯз бидуни раводид дар Филиппин қарор дошта бошанд. «Ин имтиёз ба рушди сайёҳӣ […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои хориҷии Филиппин рӯзи 15-уми апрел эълом дошт, ки барои шаҳрвандони 7 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон имтиёзоти марбут ба раводидро ҷорӣ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расии ВКХ Филиппин, шаҳрвандони Белиз, Хорватия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон метавонанд то 30 рӯз бидуни раводид дар Филиппин қарор дошта бошанд.

«Ин имтиёз ба рушди сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ аз ин кишварҳо мусоидат мекунад, – шарҳ медиҳад ин тасмиимро ВКХ Филиппин. – Сол то сол миёни Филиппин ва ин кишварҳо муносибатҳои дуҷониба густариш меёбанд».

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки давлати Филиппин якҷониба барои шаҳрвандони Тоҷикистон имтиёз пешниҳод намудааст ва дар навбати худ, барои сафар ба Тоҷикистон шаҳрвандони Филипин бояд раводид дастрас намоянд.

«Ин кишвар ба рӯйхати давлатҳои хориҷие шомил аст, ки шаҳрвандони он ба дастрас кардани раводиди Тоҷикистон бо тартиби соддашуда ҳуқуқ доранд. Ба ин рӯйхат 80 давлат, аз ҷумла Туркманистон, Ӯзбекистон (категорияи муайяни шаҳрвандон), Туркия, Тайиланд, Полша, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо дохиланд», – гуфтанд дар ВКХ Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.