Кумаки Душанбе ба аҳолии аз офат осебдидаи Хатлон

Мақомоти шаҳрдории Душанбе имрӯз ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи вилояти Хатлон кумаки башардӯстона фиристод. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, қатори иборат аз 14 автомашинаи боркаши бузургҳаҷм бо 160 тонна кумаки башардӯстона ба сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини аз офат осебдидаи ноҳияҳои Шӯрообод, Восеъ ва Ҳамадонӣ раҳсипор шуд. Кумак аз […]

ASIA-Plus



Мақомоти шаҳрдории Душанбе имрӯз ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи вилояти Хатлон кумаки башардӯстона фиристод.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, қатори иборат аз 14 автомашинаи боркаши бузургҳаҷм бо 160 тонна кумаки башардӯстона ба сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини аз офат осебдидаи ноҳияҳои Шӯрообод, Восеъ ва Ҳамадонӣ раҳсипор шуд. Кумак аз маҳсулоти ғизойӣ ва масолеҳи сохтмон иборат буда, аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ ва аҳолии пойтахт расонида шудааст.

Шавкат Саидов қайд кард, ки 50%-и кумаки башардӯстона ба аҳолии аз офат зарардидаи ноҳияи Шӯрообод пешбинӣ гардида, боз ба аҳолии ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ се мошинӣ маҳсулоти ғизойӣ кумак карда мешавад.

«Дар ҷаласаи рӯзи душанбеи мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи расонидани кӯмак тасмим гирифта шуда, сокинони пойтахт, аз ҷумла соҳибкорон ин тасмимро дастгирӣ намуданд», – афзуд Саидов.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, қаблан ба ситоди минтақавии ҲФ ва МГ-и вилояти Хатлон ба сифати кумак ба аҳолии ноҳияи Восеъ 60 адад хайма, 300 кило орд, 150 кило шакар, 150 кило биринҷ, 90 кило макарон ва 60 литр равғани растанӣ фиристода шудааст.

Ҳамчунин барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи Восеъ ҳудуди 11 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ (солярка) фиристода шудааст. Барои роҳандозии корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои табиӣ 22 нафар сарбозон ва 2 афсар ба ноҳияи Шӯрообод сафарбар шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод

қисми теппа лағжида,

деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд.


Акс аз радиои «Озодӣ».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.