ММТ сабти номи довталабонро ба итмом расонид

Санаи 15-уми апрел сабти номи довталабон аз рӯи низоми нави дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ба итмом расид, аммо аз 16 то 30 апрели соли 2014 довталабон метавонанд номгӯи ихтисосҳои интихобшуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шакл, намуд, забони таҳсил ва дигар маълумоти шахсии худро бо пардохти маблағ дар  филиалҳои БДА “Амонатбонк” ба андозаи 14 сомонӣ иваз […]

ASIA-Plus



Санаи 15-уми апрел сабти номи довталабон аз рӯи низоми нави дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ба итмом расид, аммо аз 16 то 30 апрели соли 2014 довталабон метавонанд номгӯи ихтисосҳои интихобшуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шакл, намуд, забони таҳсил ва дигар маълумоти шахсии худро бо пардохти маблағ дар  филиалҳои БДА “Амонатбонк” ба андозаи 14 сомонӣ иваз намоянд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маркази миллии тестӣ Ситора Назарова хабар дод, маълумот дар шабакаи Интернет оид ба дароз кардани муҳлати сабти номи довталабон то 30-юми апрел асоси воқеӣ надошта, ба санаи 15-уми апрел ҳудуди 50 ҳазор нафар довталабон сабти ном шудаанд, ки аз шумори пешбинишуда каме зиёдтар мебошад.

«Бақайдгирии иловагии довталаб танҳо дар нуқтаи бақайдгирие, ки ӯ қаблан дар он сабтином шудааст, ба роҳ монда мешавад. Аз маблағи муқарраргардида танҳо довталабоне, ки падар ва модари онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, озод мебошанд», – иброз дошт номбурда.

Қобили зикр аст, ки бақайдгирии довталабон аз 1-уми март то 15-уми апрелсурат гирифта, имтиҳонҳо рӯзҳои 1-12-уми июл баргузор мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.