Таҷлили солгарди навбатии зодрӯзи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд

Рӯзи 15-уми апрел дар манзил-осорхонаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд ба муносибати солгарди навбатии нависанда чорабинии ботантана баргузор шуд. Рӯзноманигори ӯзбек Тошпӯлод Раҳматуллоев дар блоги худ дар ин робита навиштааст, ки намояндагони зиёиёни эҷодкори Самарқанд 136-умин солгарди ходими маъруфи адабиёти тоҷику ӯзбек Садриддин Айниро ботантана ҷашн гирифтаанд. Бо ин мақсад дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи 15-уми апрел дар манзил-осорхонаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд ба муносибати солгарди навбатии нависанда чорабинии ботантана баргузор шуд.

Рӯзноманигори ӯзбек Тошпӯлод Раҳматуллоев дар блоги худ дар ин робита навиштааст, ки намояндагони зиёиёни эҷодкори Самарқанд 136-умин солгарди ходими маъруфи адабиёти тоҷику ӯзбек Садриддин Айниро ботантана ҷашн гирифтаанд. Бо ин мақсад дар манзил-осорхонаи нависанда шоирону нависандагон, олимон, омӯзгорони макотиби олӣ ва мактабҳои миёна ва донишҷӯёну толибилмон гирдиҳам омадаанд.

Гуфта мешавад, назди ҳозирин доктори улуми филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аслиддин Қамарзода, шоирону нависандагон Нусрат Раҳмат, Салим Кенҷа, Нормурод Каримзода ва чанде дигарон дар бораи ҳаёту фаъолияти пурбаракати адиб маърӯза кардаанд. Донишҷӯёну толибилмони синфҳои болоии макотиби миёна аз асарҳои адиби шинохта порчаҳо қироат намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин чорабинӣ ҳамчунин кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон низ ҳузур доштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.