Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Тоҷикистон мулоқоти 9-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид, ки дар он котибони Шӯрои амнияти Қазоқистон – Кайрат Кожамжаров, Қирғизистон – Бейшенбой Жунусов, Русия – Николай Патрушев, Тоҷикистон – Абдураҳим Қаҳҳоров, ҳамчунин узви Шӯрои давлатии Чин Го Шен Кун, муовини котиби Шӯрои амнияти Ӯзбекистон Шавкат Шокиров, дабири кулли СҲШ Дмитрий Мезентсев ва директори Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Чжан Синфан ширкат варзиданд.
Зимни мулоқоти мазкур масоили таъмини амният дар паҳнои СҲШ бо назардошти вазъи тағйирёбанда дар минтақаҳои наздики он баррасӣ шуда, оид масоили таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар муборизаи муштарак бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ ва таъмини амнияти байнулмилалии иттилоотӣ табодули назар сурат гирифт.
Зикр гардид, ки вазъи муташанниҷи марбут ба мухолифатҳои сиёсӣ, мазҳабиву этникӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ дар кишварҳои шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ ва манотиқи наздик ба паҳнои СҲШ ба амнияти минтақавӣ ва глобалӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи танзими вазъ дар Афғонистон, таҳкими нақши муҳими ҳамоҳангсози СММ дар кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт ва ҳалли осоиштаи низоъ дар Сурия низ ибрози андеша карданд.
Якдилона таъкид гардид, ки ҳодисаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба субот ва амнияти минтақа, солимӣ ва некӯаҳволии мардум хатари ҷиддӣ дошта, аз ин рӯ, ба татбиқи амалии асноди дар доираи СҲШ баимзорасида дар бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар омодагӣ изҳор шуд.
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот протокол ба имзо расида, ҷонибҳо дар бораи баргузор гардидани мулоқоти 10-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ соли 2015 дар шаҳри Маскав тавофуқ ҳосил карданд.



